26 Июл 2026 - 20:44
Source: ABNA
Танқиди Набиҳ Беррӣ аз идомаи таҷовузҳои Исроил сарфи назар аз имзои созиш

Раиси парлумони Лубнон бадбинии худро нисбат ба имкони натиҷабахш будани созиши шармандаи байни ҳукумати ғарбгарои Байрут ва режими сиёнистӣ ба имзо расида, изҳор кард.

Ба иттилои хабаргузории «Абна» бо иқтибос аз «Ал-Манар», Набиҳ Беррӣ, раиси парлумони Лубнон, таъкид кард, ки он чи дар минтақаи Зутари Ғарбӣ рӯй медиҳад, далели идомаи вазъи мураккаби кунунӣ мебошад.

Вай илова кард: дар ҳоле ки таҷовузҳои Исроил идома доранд, сокинони ин минтақа чанд рӯз интизор шуданд, то битавонанд муваққатан ба рустоҳои худ ворид шаванд.

Беррӣ тасреҳ кард: дар сояи идомаи вайронкунии оташбас ва таҷовузҳои Исроил, барои ақибнишинии пурраи сиёнистҳо аз хоки Лубнон ва баргаштани сокинони ҷануби кишвар ба хонаҳояшон чанд вақт лозим аст?

Зикр кардан бамаврид аст, ки созиши мазкур на танҳо боиси боздоштани таҷовузҳои режими сиёнистӣ алайҳи Лубнон нашуда, балки мавқеи ишғолгарии ин режим дар хоки Лубнонро низ тақвият ва таҳким мебахшад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha